Исфаринский филиал Технологического университета Таджикистана

Хобгоҳи донишҷӯён


ТАҲСИЛ ВА БУДУБОШИ ДОНИШҶӮЁНИ МУҚИМИ ХОБГОҲ ТАҲТИ ТАВАҶҶУҲИ ДОИМИИ РОҲБАРИЯТИ ТАЪЛИМГОҲ ҚАРОР ДОРАД.
Дар маҷлисгоҳи ФДТТИ 21-уми май бо иштироки директори филиал, н.и.и. Холиқзода М.Ғ. ва мудирони кафедраҳо маҷлиси донишҷӯёни муқими хобгоҳ баргузор гардид.
Алҳол дар хобгоҳи ФДТТИ 68 нафар донишҷӯ, аз ҷумла 8 нафар духтар аз шаҳру ноҳияҳои дуру наздик истиқомат мекунанд.
Директори филиал, н.и.и. Холиқзода М.Ғ. ҳангоми суханронӣ аз мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷавонони кишвар ёдовар шуда, донишҷӯёнро бо Рузи ҷавонон табрик намуд. Таъкид кард, ки давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон, бахусус Пешвои муаззами миллат ҷавононро неруи созандаву бунёдкор ва пешбарандаи ҷомеаи навини кишварамон ва ояндаи халқамон ҳисобида, дар ҳалли ҳамаи масъалаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат то имрӯз ба онҳо такя мекунанд.
Ҳукумати Тоҷикистон барои ҳалли мушкилоти ҷавонон, роҳандозии тадбирҳои амалӣ вобаста ба тақвияти фаъолияти онҳо дар ҷомеа, таъмин кардани иштироки фаъоли ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар, тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар ниҳоди ҳар як намояндаи насли имрӯза давра ба давра иқдомоти мушаххасро амалӣ намуда, бо мақсади баланд бардоштани шавқу завқи ҷавонон ба омӯхтани илму дониш, пеш аз ҳама, илмҳои табиӣ, риёзӣ ва дақиқ, кашфиёту навоварӣ, тавсеаи ҷаҳонбинии онҳо ва ҳавасманд гардонидани ҷавонони болаёқату соҳибмаърифат, ки метавонанд дар оянда барои пешрафти давлат ва ҷомеа саҳми босазо гузоранд, стипендия ва ҷоизаҳои гуногун аз ҷумла стипендияи Президенти Тоҷикистон барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоиву миёна ва олии касбӣ ва ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавоне, ки дар соҳаи илму техника корҳои намоён анҷом додаанд,таъсис ёфтанд.
Аз ин лиҳоз, ҷавонони саодатманди кишвар барои сазовор гардидан ба ин бовару эътимод ҷиҳати баланд бардоштани ному мақоми кишвари соҳибистиқлоламон собитқадамона пеш мераванд ва кӯшиш ба харҷ медиҳанд.
Сипас, бо дарназардошти вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ ва эпидемиологӣ ва ба анҷом расонидани таъмири замонавии хобгоҳ барои соли хониши нав, беҳтару хубтар гардонидани шароити он барои пеш аз муҳлат супоридани санҷишҳо, корҳои мустақилона ва имтиҳонҳои ниҳоӣ дастур дод.
Мудирони кафедраҳо вазифадор карда шуданд, ки донишҷӯён ҳамаи вазифа ва супоришҳои таълимиро тибқи талаботи муқарраргардида супоранд.
Донишҷӯён, дар навбати худ, ба дастгириву ғамхориҳои давлат ва Ҳукумати кишвар миннатдорӣ изҳор намуда ваъда доданд, ки соли хонишро бомуваффақият ҷамъбаст менамоянд.

Назад к списку

ЭМОМАЛИ РАХМОН

Основатель мира и национального единства — Лидер нации, Президент Республики Таджикистан

Амонзода Илхом Темур

Ректор Технологического университета Таджикистана

Холикзода Музаффар Гафур

Директор филиала Технологического университета Таджикистана в городе Исфара

ИСТИҚЛОЛИЯТ НЕЪМАТИ БЕБАҲОСТ

30 солагии Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистнро бо дастовардҳои назаррас ҷашн мегирем

САНОАТИКУНОНИИ БОСУРЪАТИ МАМЛАКАТ-ҲАДАФИ ЧОРУМИ МИЛЛӢ

Мутахассиси рақобатпазири соҳаи саноати кишвар омода намудан мароми мост!

2020-2040 годы

«Двадцатилетие изучения и развития естественных, точных и математических наук»

Сотрудничество