Исфаринский филиал Технологического университета Таджикистана

Ярмаркаи ҷои корӣ


                                   
 
ЯРМАРКАИ ҶОЙҲОИ ХОЛИИ КОРӢ ДАР ФИЛИАЛИ ДОНИШГОҲИ ТЕХНОЛОГИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ ИСФАРА
Барои дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тайёр намудани мутахассисони ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ ва рақобатпазир», иҷрои Барномаи давлатии рушди таҳсилоти касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ФДТТИ 21-уми майи соли 2021 бахшида ба Рӯзи ҷавонон бо мақсади бо ҷойи кор таъминкунии хатмкунандагон бо ҳамкории раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳри Исфара ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ гузаронида шуд.
Дар ярмарка, ки кормандони раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳри Исфара, шуъбаи рушди касбият, инноватсия ва таҷрибаомӯзӣ ва устодони таълимгоҳ, меҳмонон ҳузур доштанд, 97 нафар хатмкунандаи ФДТТИ иштирок карданд, ки аз онҳо 45 нафар ройгон таҳсилро давом дода истодаанд. Дар ярмарка 20 корхонаи саноатӣ ва бонкҳои тиҷоратӣ ҷойҳои холии кории хешро пешниҳод намуданд.
Ҳадафи асосии шуъбаи рушди касбият ин дастгирии донишҷӯён, фароҳам овардани имконият дар бозори меҳнат ва такмили ихтисоси донишҷӯёну хатмкунандагон дар бозори меҳнат мебошад, то ки донишҷӯён самти фаъолияти ояндаи худро муайян намоянд.
Ярмаркаро сармутахассиси шуъбаи рушди касбият, инноватсия ва таҷрибаомӯзӣ Каримов А.А. ифтитоҳ намуд. Намояндагони корхонаҳо, бонкҳо оид ба интихоби касб ва дарёфти ҷойҳои корӣ тавсияҳо доданд.

Назад к списку

ЭМОМАЛИ РАХМОН

Основатель мира и национального единства — Лидер нации, Президент Республики Таджикистан

Амонзода Илхом Темур

Ректор Технологического университета Таджикистана

Холикзода Музаффар Гафур

Директор филиала Технологического университета Таджикистана в городе Исфара

ИСТИҚЛОЛИЯТ НЕЪМАТИ БЕБАҲОСТ

30 солагии Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистнро бо дастовардҳои назаррас ҷашн мегирем

САНОАТИКУНОНИИ БОСУРЪАТИ МАМЛАКАТ-ҲАДАФИ ЧОРУМИ МИЛЛӢ

Мутахассиси рақобатпазири соҳаи саноати кишвар омода намудан мароми мост!

2020-2040 годы

«Двадцатилетие изучения и развития естественных, точных и математических наук»

Сотрудничество