Исфаринский филиал Технологического университета Таджикистана

ҶАВОНОН-ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ!


МО - ҶАВОНОН ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ
Дар доираи тадбирҳои ҳафтаи ҷавонӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон 21-уми май таҳти унвони “Мо - ҷавонон пайравони Пешвои миллатем” ҳамоиши маърифативу фарҳангӣ хеле пуршукӯҳу хотирмон баргузор гардид.
Чорабиниро директори ФДТТИ, н.и.и. Холиқзода М.Ғ. ҳусни оғоз бахшида, аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷавонони кишвар ёдовар шуда, тамоми донишҷӯён ва кормандони ҷавони таълимгоҳро ба муносибати Рӯзи ҷавонон табрик намуд.
Дар раванди маҳфил 12 нафар хатмкардаҳои таълимгоҳ, ки бо амри виҷдон барои хизмат ба сафҳои Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон сафарбар гардида, бо сари баланд қарзи шаҳрвандӣ - хизмати Ватанро ба анҷом расонида баргаштанд, миннатдории самимӣ ва сипоси роҳбарият ва кулли кормандону донишҷӯён арза гардид.
Ҳамчунин 40 нафар сардорони гурӯҳҳои академӣ ва донишҷӯёни фаъол, ки дар таҳсилу интизом ва иштирок дар корҳои ҷамъиятӣ намунаи ибратанд, бо сипосномаи донишгоҳ қадрдонӣ карда шуданд.
Ғолибони виктаринаҳо, ки бахшида ба ҳафтаи илм баргузор гардида буд бо дипломҳои дараҷаи 1, 2 ва 3 сарфароз гардонида шуд.
Ба ғолибони мусобиқаи футболи хурд, ки дар ҳафтаи ҷавонон баргузор гардида буд, диплом, медал ва кубок аз тарафи раёсати донишгоҳ ва роҳбарияти литсейи №5 тақдим карда шуд.
Дар анҷом барномаи фарҳангии ҷолибе таҳти роҳбарии Абдураҳмон Шамсиев писанди иштирокдорони маҳфил гардид.
Ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар боғи фарҳангию фароғатии “Ҷаҳони Нав”-и маркази шаҳр “Шоми ҷавонони донишомӯз” ташкил карда шуд. Бо дастгирии роҳбарияти таълимгоҳ ва роҳбарияти “Ҷаҳони нав” тамоми хизматрасониҳо ва атраксионҳо барои донишҷӯён ва фарзандону наберагони кормандони донишгоҳ ройгон роҳандозӣ гардид.
 
 
 

Назад к списку

ЭМОМАЛИ РАХМОН

Основатель мира и национального единства — Лидер нации, Президент Республики Таджикистан

Амонзода Илхом Темур

Ректор Технологического университета Таджикистана

Холикзода Музаффар Гафур

Директор филиала Технологического университета Таджикистана в городе Исфара

ИСТИҚЛОЛИЯТ НЕЪМАТИ БЕБАҲОСТ

30 солагии Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистнро бо дастовардҳои назаррас ҷашн мегирем

САНОАТИКУНОНИИ БОСУРЪАТИ МАМЛАКАТ-ҲАДАФИ ЧОРУМИ МИЛЛӢ

Мутахассиси рақобатпазири соҳаи саноати кишвар омода намудан мароми мост!

2020-2040 годы

«Двадцатилетие изучения и развития естественных, точных и математических наук»

Сотрудничество