Исфаринский филиал Технологического университета Таджикистана

МИЗИ МУДАВВАР


ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ТАҲКИМБАХШИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

 Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ асоси рушду пешравии кишвар аст. Ваҳдати миллӣ сарчашмаи бунёдкориву сарҷамъӣ ва пешбурди сиёсати давлат ба ҳисоб рафта, дар таърихи халқи тоҷик барои ба ҳам омадани миллат, ҳифзи соҳибистиқлолӣ, тарҳрезии низоми ҳуқуқӣ, ташаккули иқтисодиёти миллӣ, таҳияи низоми адолати иҷтимоӣ, ҳифз ва рушди фарҳанги пурғановат, илму маориф ва дигар ҷанбаҳо мавқеи муҳим дорад.

Аз ин лиҳоз, барои мо – мардуми шарифи Тоҷикистон 27-уми июни соли 1997 аз шумори ҳамин санаҳои тиллоии тақдир мебошад ва дар саҳифаҳои таърихи навини давлатдории мо бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст. Дар ин рӯзи муборак пас аз талошу қаҳрамонониҳо ва ҷонбозиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид.

Ба ин муносибат имрӯз – 24-уми июн бо ташаббуси кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва иштироки фаъолонаи омӯзгорон ва кормандон дар филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара таҳти унвони “Ваҳдати миллӣ - таҳкимбахши истиқлолияти давлатӣ” бо риояи қоидаҳои беҳдошт мизи мудаввар хотирмону судманд доир гардид.

Мизи мудавварро мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ, н.и.ҳ., дотсент Н. Носиров оғоз намуда, ҳамагонро ба ин санаи таърихӣ табрик ва қайд намуд, ки пойдории ваҳдати миллӣ дар якдигарфаҳмӣ ва дурӣ аз ихтилофоту зиддиятҳо вобастагии калон дорад. Ҳамзамон таъкид кард, ки воқеан ваҳдати миллӣ ин таҳкимбахши асосӣ ва сутуни марказии бинои истиқлолияти давлатӣ ба ҳисоб меравад.

Сипас и.в. декани факултети технологияҳои саноатӣ ва иттилоотӣ С. Ғаффоров дар мавриди яке аз бузургтарин ҷашни миллӣ будани Ваҳдати миллӣ суханронӣ ва аз ҷумла қайд намуд, ки ҳодисаҳои марзӣ воқеан муттаҳидии миллати тоҷик ва самараи меваи ваҳдати миллии моро нишон дод. Яъне, ваҳдати миллӣ аз ҷониби миллати сарбаланди тоҷик амалан ба намоиш гузошта шуд. Ҳамзамон ҳозирин ва дар симои онҳо тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро табрик намуд.

Омӯзгори калони кафедраи фанҳои гуманитарӣ С. Мамадҷонов бо маърӯза дар мавзӯи “Сайри таърихии санаҳои ҷашнии моҳи июн” баромад намуд. Мамадҷонов С. сараввал аз таърихи аввалин паради ҳарбии ИҶШС баъди ғалаба дар ҶБВ ёдовар шуда қайд намуд, ки он дар таърихи 24-уми июни соли 1945 баргузор шуда буд, ки ба санаи имрӯза маҳфили мо рост омад. Аз ҷумла қайд намуд, ки 29 сол қабл мардуми тоҷик ба гурӯҳҳои мухталиф ҷудо шуда, байни ҳам даргир шуданд, ки натиҷаи он ҷанги бемаънии бародакуши хонамонсўз буд. Ин ҷанги таҳмилӣ ба мардуми тоҷик талафоти моливу ҷонӣ ва рӯҳиву равонии зиёдеро овард, ки наметавон андозаи воқеии онро ҳисоб намуд. Боиси хушбахтии зиёд ва сазовори шукри беандоза аст, ки 27-уми июни соли 1997 мардуми тоҷик оқибати ногувори ин ҷанги бемаънии бародаркушро дарк намуда, Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистонро имзо намуда, барои дар оянда таъмин намудани якпорчагии давлатдории худ ба ваҳдати миллӣ расиданд.

Дар ҳақиқат, Ваҳдати миллӣ, яке аз неъматҳои бузурги Худованди бузург барои мо - миллати тоҷик мебошад, ки баъди неъмати бузургтари дигар, яъне истиқлолияти давлатӣ ба он даст ёфтаем. Маҳз барои ҳамин, бояд тазаккур намуд, ки сулҳу ваҳдат бояд ба таври доимӣ мавриди муҳофизат қарор бигирад. Чунки омилҳое мавҷуданд, ки мутавонанд сулҳу ваҳдатро аз байн баранд. Омилҳои асосии азбайнбарандаи сулҳу ваҳдат ин, пеш аз ҳама, ихтилоф, парокандагӣ, зиддият, ҷудоиандозӣ, ифротгароӣ, бемасъулиятӣ, беадолатӣ, хиёнаткорӣ ва бетарафӣ мебошад.

Дар охир мудири кафедра Носиров Н.Б. ҳамагонро барои хизмат дар пойдории ваҳдати миллӣ, ки воқеан таҳкимбахши истиқлолияти давлатӣ мебошад, даъват ва қайд намуд, ки ҳар як шаҳрванди баору номуси кишвар бояд барои ободии кишвари азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол кӯшишу ғайрат намояд.

Ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон: хурду бузург, коргару корфармо, соҳибкору мақомоти танзимкунандаи дахлдор, харидору фурўшанда, муаллиму толибилм, масъулу зердаст, зану мард, муқиму муҳоҷир новобаста аз забон, нажод, миллат, дин ва мазҳаб барои нигоҳдории ваҳдати миллӣ ва ободии Ватан масъулияте нишон бидиҳад. Ё аққалан бетарафӣ накарда, ба принсипи «қуввати некӣ надорӣ, бад накун» амал намоянд. Ё, шоҳбайти шоирро дар мадди назари худ қарор диҳанд, ки дар ин маврид чи хуб мефармояд:

Сад бор бадӣ кардиву шарми ту наомад,

Некӣ чӣ бадӣ дошт, ки як бор накардӣ.

Ваҳдати комили миллӣ аз ваҳдати оилавӣ, авлодӣ, ҷамоатӣ, ноҳиявӣ, шаҳрӣ, вилоятӣ ва, ниҳоят, аз ваҳдати давлатӣ сачашма мегирад. Ё метавонад аз ваҳдати кафедравӣ, факултетӣ, донишгоҳӣ, вазоратӣ, ҳукуматӣ ва давлатӣ сарчашма бигирад.

Дар охир Н. Носиров бо қироати мисраъҳои шеърии Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ мизи мудавварро ҷамъбаст намуд:

Баргу сози коинот дар ваҳдат аст,

Андар ин олам ҳаёт аз ваҳдат аст.


Назад к списку

ЭМОМАЛИ РАХМОН

Основатель мира и национального единства — Лидер нации, Президент Республики Таджикистан

Амонзода Илхом Темур

Ректор Технологического университета Таджикистана

Холикзода Музаффар Гафур

Директор филиала Технологического университета Таджикистана в городе Исфара

ИСТИҚЛОЛИЯТ НЕЪМАТИ БЕБАҲОСТ

30 солагии Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистнро бо дастовардҳои назаррас ҷашн мегирем

САНОАТИКУНОНИИ БОСУРЪАТИ МАМЛАКАТ-ҲАДАФИ ЧОРУМИ МИЛЛӢ

Мутахассиси рақобатпазири соҳаи саноати кишвар омода намудан мароми мост!

2020-2040 годы

«Двадцатилетие изучения и развития естественных, точных и математических наук»

Сотрудничество