Исфаринский филиал Технологического университета Таджикистана

СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ


    Бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Бонки умумиҷаҳонӣ бо ҳамоҳангии Ҳадамот оид ба назорат дар соҳаи таҳсилоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкати муовини вазир ва сохторҳои марбути он, намояндагони байналмилалию маҳаллӣ, МТОК ҶТ, семинари байналмилалӣ дар мавзӯи “Муаррифии натиҷаҳои ниҳоии лоиҳаи аккредитатсияи институтсионалӣ: тавсияҳо оид ба рушди маҷмааи назорати сифати таҳсилоти олӣ дар Тоҷикистон” баргузор гардид.

   Дар семинари омӯзишӣ натиҷагирӣ аз аккредитатсияи се донишгоҳҳои пилотии Тоҷикистон - Донишгоҳи давлатии Данғара, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ ва Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифт.  

   Дар асоси мактуби расмии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами № 20(100) 05.16 аз 09.06.2021 сардори шуъбаи таълими филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара Гулбаҳор Атласова дар семинари омӯзишӣ вобаста ба муаррифии натиҷаҳои ниҳоии лоиҳаи “Рушди таҳсилоти олӣ” бо Оҷонсии Аврупоӣ (EKKA) иштирок намуд. Дар семинари мазкур масъалаҳо оид ба рушди назорати сифати таҳсилоти дохила ва беруна, стандартҳои нави дар оянда татбиқшаванда, дастур        оид ба аккредитатсияи институтсионалӣ дар Тоҷикистон тариқи шабакаи ZOOM аз ҷониби масъулин ва иштирокчиёни семинар муаррифӣ карда шуд.


Назад к списку

ЭМОМАЛИ РАХМОН

Основатель мира и национального единства — Лидер нации, Президент Республики Таджикистан

Амонзода Илхом Темур

Ректор Технологического университета Таджикистана

Холикзода Музаффар Гафур

Директор филиала Технологического университета Таджикистана в городе Исфара

ИСТИҚЛОЛИЯТ НЕЪМАТИ БЕБАҲОСТ

30 солагии Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистнро бо дастовардҳои назаррас ҷашн мегирем

САНОАТИКУНОНИИ БОСУРЪАТИ МАМЛАКАТ-ҲАДАФИ ЧОРУМИ МИЛЛӢ

Мутахассиси рақобатпазири соҳаи саноати кишвар омода намудан мароми мост!

2020-2040 годы

«Двадцатилетие изучения и развития естественных, точных и математических наук»

Сотрудничество