Исфаринский филиал Технологического университета Таджикистана

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР ВОРУХ


ТАҶЛИЛИ 24-СОЛАГИИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

 Чунонки хадамоти матбуотии раиси шаҳр иттилоъ медиҳад, сокинони шаҳру деҳоти Исфара чун дигар мардуми кишвар 24-солагии Рӯзи Ваҳдати миллиро бо шукргузорӣ аз суботу оромӣ ва рушду шукуфоии Тоҷикистони азиз бошукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил намуданд. Ба ин муносибат дар Кохи фарҳанги деҳоти Ворух ҷамъомади идона баргузор гардид.

Арзишмандию аҳамияти бузургу тақдирсози Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, саҳму нақши сулҳоварона, мақому манзалати ваҳдатофарона ва хизматҳои бебаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баимзорасонии Созишномаи сарнавиштсоз ва истиқрори сулҳ зимни суханрониҳои раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Шарифҷон Ахмедов возеҳу равшан бозгӯйӣ ёфтанд.

Зимнан тазаккур дода шуд, ки ақлу хиради азалии мардуми тоҷик ва рўҳи тавонои Пешвои асили халқу миллат, сармеъмори сулҳу ваҳдат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон буд, ки Созишномаи сулҳ сангарҳоро шикаст, кинаҳоро дур кард ва захмҳоро шифо бахшида, мардуми тоҷикро ба гирди дастархони ваҳдат ҷамъ овард.

Ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва маънавию фарҳангии ҷомеаи мо марҳалаи тозаеро оғоз намуда, ба эъмори ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ вусъати тоза бахшид.

Аз ин хотир қадру манзалати Санади сулҳи мо баробар бо Эъломияи истиқлолияти мост. Чунки яке агар барои мо мустақилият оварда бошад, дигаре дар сарзамини азиятдидаи мо сулҳу субот ва ваҳдати миллиро таъмин намудааст. Ҳамзамон, мояи ифтихори мост, ки алҳол таҷрибаи нодири сулҳи тоҷиконро созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва давлатҳои дунё меомўзанд.

Дар раванди бисту чор соли эҳёи миллӣ, бисту чор соли баҳамоӣ, бисту чор соли сулҳу субот ва оромӣ, муҳимтар аз ҳама, пойдевори кохи бузурги ваҳдат гузошта шуда, кишвари соҳибихтиёр ва давлати мустақили миллиамон дар ҷодаи бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ қадамҳои устувор ниҳодааст.

Дар давоми 24 соли соҳибваҳдатӣ мардуми ватандӯсти шаҳри Исфара низ маҳз аз баракати истиқлолият ва оромиву сулҳу субот имкон пайдо карданд, ки рушди босуботи соҳаҳои мухталифро таъмин карда, дар ин замина ба ободонии диёр, ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагӣ муваффақ гарданд.

Бояд тазаккур дод, ки бо мақсади дар сатҳи баланди сиёсиву фарҳангӣ истиқбол гирифтани ҷашни Ваҳдати миллӣ ва 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳру деҳоти Исфара корҳои созандагиву ободонӣ, бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ, сохтмон ва таъмиру тармими роҳҳо, биною иншоот, муассисаҳои соҳаи маориф ва фарҳанг, баланд бардоштани ҳосилнокии маҳсулоти кишоварзӣ, таъсиси ҷойи кории иловагӣ, кабудизоркунии кўчаву хиёбонҳо, боғҳои фароғативу истироҳатӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи доимӣ қарор гирифта, дар ин давра ба истиқболи ин ҷашни бузурги миллӣ 420 иншоот бунёд ва таъмиру азнавсозӣ гардидааст. Дар рафти таҷлили ҷашни Ваҳдат дар вазъи тантанавӣ ба пешқадамони соҳаҳои гуногуни шаҳру деҳоти Исфара сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.

Санъаткорони бахши фарҳанги шаҳр бо барномаи зебову ҷолиби васфкунандаи сулҳу субот, ваҳдату якдигарфаҳмӣ ва истиқлолияти милливу давлатӣ хотири иштирокдоронро шод гардонданд.

Дар ин ҷамъомади тантанавӣ гурӯҳи калони устодону донишҷӯёни филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара низ ҳузур доштанд.


Назад к списку

ЭМОМАЛИ РАХМОН

Основатель мира и национального единства — Лидер нации, Президент Республики Таджикистан

Амонзода Илхом Темур

Ректор Технологического университета Таджикистана

Холикзода Музаффар Гафур

Директор филиала Технологического университета Таджикистана в городе Исфара

ИСТИҚЛОЛИЯТ НЕЪМАТИ БЕБАҲОСТ

30 солагии Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистнро бо дастовардҳои назаррас ҷашн мегирем

САНОАТИКУНОНИИ БОСУРЪАТИ МАМЛАКАТ-ҲАДАФИ ЧОРУМИ МИЛЛӢ

Мутахассиси рақобатпазири соҳаи саноати кишвар омода намудан мароми мост!

2020-2040 годы

«Двадцатилетие изучения и развития естественных, точных и математических наук»

Сотрудничество